Дар пайи инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар маркази Ироқ дастикам 13 нафар кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ шуданд. Ҳодиса субҳи 8 январ дар бозори сабзиҷоти Бағдод рух додааст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи Вазорати умури дохилии Ироқ гуфтааст, таркиш замоне рух дод, ки як сарбоз ба ронандаи мошин шубҳа карда ва ба сӯяш тир кушод. Ба қавли ӯ, сарбоз ҳоло дар миёни захмиён аст. Бозори сабзиҷоти Бағдод дар шаҳраки Садр, минтақаи шианишин, воқеъ аст. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. Дар охирин ҳамлаи интиҳории ҷангҷӯёни ДИИШ, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Садр рух дода буд, 35 нафар кушта шуданд. Коршиносон мегӯянд, афзоиши ҳамлаҳо ба наздик шудани артиши Ироқ ба маркази шаҳри Мавсил иртибот дорад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар дасти ҷангҷӯён аст.