13 маъданчӣ дар Бағлон кушта шуданд

Афроди мусаллаҳи ношинос баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа 6 январ 13 маъданчиро дар вилояти Бағлон куштаанд. Файзмуҳаммад Амирӣ, раиси ноҳияи Тола ва Барфаки вилояти Бағлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар минтақаи Анордара кушта шудаанд ва се тани дигарашон захмӣ мебошанд. То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, аммо раиси ноҳияи Тола ва Барфак гуфт, ки эҳтимолан гурӯҳи ДИИШ ин афродро, ки аз қавми ҳазора ҳастанд ва аз Бағлон ба Бомиён ба сӯи хонаҳояшон дар ҳаракат буданд, кушта бошанд.