"Адмирал Кузнетсов" аз минтақаи амалиёт хориҷ мешаванд

Киштии ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов"

Гурӯҳи киштиҳои Русия бо сарварии ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов" аз минтақаи амалиёти нерӯҳои фазоии Русия дар Сурия хориҷ мешавад. Дар ин бора ТАСС бо такя ба раҳбари ситоди кулл, Валерий Герасимов хабар дод.

Ин мақоми низомӣ гуфт, ки Вазорати дифоъ ба коҳиши гурӯҳи нерӯҳои Русия дар Сурия оғоз кард ва дар қадами аввал минтақаи амалиётро гурӯҳи ҳавопаймобар тарк мекунад. Мӯҳлати диақиқи хуруҷи нерӯҳо эълон нашудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои Русия дар Сурия, Андрей Картаполов рӯзи ҷумъа гуфт, ки дар ду моҳи гузашта нерӯҳои ҳавоӣ-баҳрӣ 420 парвози ҳарбӣ анҷом доданд ва рисолати ҳарбиии худро иҷро карданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар асоси маҷмааҳои мушакии C-300 ва С-400 дар Сурия системаи ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ таъсис ёфт.

Рӯзи сешанбеи гузашта дар матбуот хабаре нашр шуд, ки киштии ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов" ва киштии атомии "Петр Великий" моҳи январ маъракаи худро дар Баҳри Миёназамин ба поён мерасонанд.

"Адмирал Кузнетсов" ҳамроҳ бо гӯрӯҳи киштиҳои низомӣ сар аз 15 ноябр ҳамлаҳоеро ба қаламрави Сурия анҷом дод. Дар ин муддат ду ҳавопаймои ҷангӣ ҳангоми нишастан ба кишӣ суқут кард, вале хисороти ҷонӣ ба бор наовард.