Дар сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла дар ниҳодҳои додситонӣ ва Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ чунин тағйирот ба амал омадааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз ҷумла ба симати сардорони раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон, Суғд ва Хатлон афроди нав таъйин шудаанд. Ҳамчунин додситонҳои бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар тағйир ёфтаанд. Чунин тағйирот дар дастгоҳи марказии Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ сурат гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январ ба кадрҳои нав таъингардида мулоқот карда ва онҳоро дар амри хизмат ба манфиати давлату мардум, дастуру машваратҳо додааст.