Масъулияти ҳамлаи Истамбулро ДИИШ бар дӯш гирифт

Масъулияти ҳамла ба клуби шабона дар Истамбулро, ки 39 нафарро қурбон кард, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal хабар дод.

Пулиси Туркия ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад. Ба навиштаи матбуот ҳуҷумро якчанд нафар анҷом доданд.

Шаби 1 январ афроди номаълум дар клуби машҳури Reina, ки он лаҳза садҳо нафар меҳмон дошт, оташ кушоданд. Бинобар хабарҳои охирин аз ин ҳамла 39 нафар кушта ва ҳудудан 70 тани захм бардоштанд.