Cафари раиси ҷумҳури Фаронса ба Ироқ

Франсуа Олланд, президенти Фаронса барои ончи боздид аз нерӯҳои ширкаткунанда дар ҷанг бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълон шуд, ба Ироқ рафтааст. Қаблан оқои Олланд гуфта буд, рӯзи душанбеи 2 январ ба Ироқ меравад то шахсан Соли нави милодиро ба низомиёни фаронсавӣ табрик бигӯяд. Олланд шаби шанбе дар паёми телевизиониаш аз ҳамлаҳои хунин дар соли 2016 дар шаҳрҳои Фаронса ишора карда ва гуфта буд, ки "ҷанги мо бо терроримз идома дорад. Ва сабаби амалиёти низомии мо дар Ироқ ва Сурия, ҳамин аст". Фаронса шоҳиди бештарин ҳамлаҳои террористии гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар хоки Аврупо будааст.