Кумисюни муштараки Тоҷикистону Чин дар умури марзи давлатӣ ҷаласаи навбатии худро баргузор кардааст. Ҷузъиёти ин нишаст маълум нест. Вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе гуфт, ин ҷаласа рӯзҳои 27-29 декабри имсол дар Душанбе баргузор шудааст. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст Маҳмадшариф Ҳақдод – муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва тарафи Чинро Чжоу Сзян раҳбарӣ кардаанд. “Тарафҳо масъалаҳои дахлдори татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитойро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд”, - таъкид шудааст дар иттилоия. Ба қавли манбаъ, дар поёни ҷаласа проткол ҳам ба имзо расидааст.