Путин: Русия ягон дипломати амрикоиро хориҷ намекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар посух ба қарори ИМА дар бораи ихроҷи 35 дипломати рус, дар заминаи ҳамлаҳои ҳакерӣ гуфт, ки Русия ягон дипломати амрикоиро хориҷ намекунад.

Каме пештар аз ин Вазорати хориҷии Русия ба президенти ин кишвар пешниҳод кард, ки ба таҳримҳои ИМА посухи ҳамвазн диҳад ва 35 дипломати амрикоиро аз қаламрави кишвар хориҷ кунад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба изҳороти Сергей Лавров гузориш дод.

Лавров пешниҳод кардааст, ки 31 дипломати сафорати Амрико дар Маскав ва чаҳор дипломат аз Консулгарии ИМА дар Санкт Петребург аз Русия хориҷ шаванд. Лавров номи дипломатҳои ИМА-ро мушаххас накардаст.

Вазорати хориҷии Русия ҳамчунин ба президент пешниҳод кардааст, ки истифодаи истироҳатгоҳи "Серебренный бор" ва анборе дар кӯчаи Дорожнии Маскав аз тарафи дипломатҳои Амрикоро мамнӯъ кунад.

Рӯзи гузашта Ийолоти Муттаҳида аз ихроҷи 35 дипломати рус хабар дод. Дар ҳамон рӯз Вазорати молияи Амрико дар посух ба ҳамлаҳои ҳакерӣ алайҳи як қатор шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои Русия таҳримҳои нав ҷори кард.