Беш аз ҳазор корбар дар ИМА линкҳои зараровар гирифтанд

Евгений Богачев ва Александ Белан- ду шаҳрванди Русия, ки ба ҳамлаҳои киберӣ муттаҳам шудаанд.

Бюрои федеролии тафтишоти Амрико хадамоти истихбороти Русияро ошкоро ба дахолат дар умури интихобот муттаҳам кард ва дар ин замина гузориши муфассал нашр намуд. Ин гузориш намунаи рамзҳои зарароварро зикр кардааст, ки аз ҷониби ширкатҳои бузурги ҳакерӣ ё рахнагар истифода шудаанд. Ба гуфтаи "Садои Амрико" сар аз миёнаи соли 2015, истихбороти Русия ва Хадамоти амнияти ин кишвар ба беш аз ҳазор нишонӣ, бо шумули суроғаи аъзои ҳукумати Амрико, линкҳои зараровар фиристодааст. Ин рақамҳо дар гузориши 13 саҳифагии Бюрои федеролии тафтишот ва Вазорати амнияти дохилии Амрико дарҷ шудаанд.

Бюрои федеролии тафтишот гузориши худро рӯзе пахш кард, ки президенти ИМА Барак Обама таҳримоти нав, бо шумули ихроҷи дипломатҳои рус ва дар робита ба ҳадамоти амният ва истихбороти Русияро эълон кард. Президент Обама аз истихборот дархост карда буд, ки баҳои худро то анҷоми мӯҳлати раёсати ӯ ироа кунанд.