Соати эълони оташбаси саросарй дар Сурия маълум шуд

Артиши Сурия ҷангро дар саросари ин кишвар шаби 30 декабр қатъ мекунад. Дар изҳороти ҳукумат, ки хабаргузории давлатии SANA нашр кардааст, гуфта мешавад, оташбас бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ва ҷангҷӯёни марбут ба он пахш намешавад.

Дар бораи созиши оташбаси байни Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ ва оғози музокироти сулҳ рӯзи 29 декабр президенти Русия Владимир Путин хабар дод.

Дар мулоқот бо Сергей Лавров ва Сергей Шойгу, раҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ва дифоъ Владимир Путин, инчунин, гуфт, ки теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурияро коҳиш медиҳад.