Нишасти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 28 декабр дар Душанбе поён ёфтааст. Ин ҷаласа ду рӯзи ахир таҳти раҳбарии Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон ҷараён дошт. Таъкид шудааст, ки нишасти навбатии ҳайатҳо соли оянда дар Тошканд мегузарад. То ҳол натиҷаи комили ин нишаст ошкор нашудааст, вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, "натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда бори дигар таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳоро барои рушди муносибатҳои баробару судманд нишон дод." Ба иттилои манбаъ, ҳарду тараф "нақшаҳои бузурги ҳамкории бештар, амалӣ кардани тарҳҳои шарикии иқтисодӣ, рушди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро доранд." Як рӯз пеш аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Рустам Азимов дар Душанбе мулоқот карда ва барои бекор намудани низоми раводид даъват кард. Вай, инчунин, хост, ки ҳамкориҳо миёни ду ҳамсояи девор ба девор рушд дода шавад.