Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26 декабр барои иштирок дар нишасти ғайринавбатии раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, оқои Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент дар умури масъалаҳои байналмилалӣ Аъзамшо Шарифӣ ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд. Нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД рӯзи 26 декабр баргузор мешавад. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмон мебошанд.