Владимир Путин гуфт, низомиёни Русия аз ҳамагуна ҳамлагари эҳтимолӣ нерӯмандтар шудаанд. Аммо ӯ афзуд, онҳо барои танзими барномаҳо ва маҳви таҳдидҳои эҳтимолӣ алайҳи Русия бояд омода бошанд.
Путин, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати дифои Русия сӯҳбат мекард, гуфт "Русия ҳама гуна тағйиротро дар тавозуни нерӯҳо ва вазъи низомиву сиёсии ҷаҳон, махсусан дар имтидоди марзҳояш бодиққат пайгирӣ мекунад." Ӯ, инчунин, гуфт, Русия бояд тавони ҳастаии худро таҳким диҳад ва ин кафолатро дошта бошад, ки сохтори мушакияш онро аз ҳама гуна таҳдидҳо ҳимоят мекунанд.
Русия сохтори мушакиро, ки Амрико ва НАТО дар Аврупо бунёд мекунанд, барои амнияти худ таҳдид шумурд ва аммо Вашингтон ин нигарониҳоро рад мекунад. Бахши умдаи маҷлиси ҷамъбастии Вазорати дифоъ аз тариқи телевизион пахш шуд. Мунтақидон мегӯянд, гуфтугӯҳои Путин дар атрофи тавони низомӣ ба хотири боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва аз масоили дохилӣ дур кардани афкори мардум анҷом мешаванд.
Ташаннуҷ дар байни Маскав ва Ғарб моҳи марти соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия оғоз шуд.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ин нишаст гуфт, нерӯҳои Русия тавонмандии худро дар Сурия ба намоиш гузоштанд. Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ аз моҳи сентябри имсол барои дар қудрат боқӣ мондани президент Башор Асад кумак мекунанд. Шойгу гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи Сурия низомиён 162 навъи силоҳ, бо шумули ҳавопаймо ва чархболҳоро аз санҷиш гузаронданд.