Трамп мунтақиди Чинро раиси Шӯрои тиҷорат таъйин кард

Иқтисоддон Питер Наварро, ки бо назарҳои интиқодияш дар робита ба Чин шинохта шудааст, раҳбари идораи тозатаъсиси Шӯрои миллии тиҷорат дар Амрико таъйин мешавад. Ин идора дар назди маъмурияти президент бунёд ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба доираҳои наздик ба президенти мунтахаб Доналд Трамп гузориш дод.

Ба маълумоти тими Доналд Трамп, Наварро дар ин мақом ба рушди сиёсатҳои тиҷорӣ ва саноатӣ, пешрафти иқтисоди Амрико ва ҷилавгирӣ аз берун бурдани ҷойҳои корӣ аз Иёлоти Муттаҳида машғул мешавад. Питер Наварро дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентӣ узви ситоди Трамп буд. Ӯ дар бораи густариши Чин якчанд китоб навишта ва ин равандро "ҷанги иқтисодӣ" унвон кардааст.

Моҳи декабр ноиби вазири молияи Чин Чжу Гуаняо гуфт, татбиқи барномаи пешазинтихоботии Доналд Трамп метавонад, боис ба ҷанги тиҷоратӣ дар байни Вашингтон ва Пекин шавад.