СММ пешниҳоди Душанберо дар бораи об пазируфтааст

Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид. Акс аз бойгонӣ.

Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълони даҳсолаи дигари "Об барои рушди устувор" аз сӯи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22 декабр ҳангоми ироаи паёми солонааш ба мардум ва порлумони Тоҷикистон гуфт, субҳи панҷшанбе Питер Томсон, раҳбари Шӯрои амнияти СММ, дар ин бора хабар дода ва ӯро табрик кардааст. Оқои Раҳмон гуфт, "дар замони истиқлол" чаҳор пешниҳоди Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ба хусус Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Тоҷикистон то кунун як даҳсолаи об барои ҳаётро баргузор кардааст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо ин вуҷуд, дастрасии сокинон дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ мушкил аст ва сокинон аз садҳо метр бо хару ароба об мекашонанд.