Бо як фармони президенти нави Узбакистон Шавкат Мирзиёев, 179 нафар соҳиби шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Узбакистон шуданд. Аксарияти ин афрод гурӯҳи шаҳрвандоне мебошанд, ки то қабули қонуни “Шаҳрванди Узбакистон” дар соли 1992 дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ зиндагӣ карда, баъдан натавонистаанд шиносномаи шаҳрванди ин кишварро ба даст гиранд. Дар миёни онҳое, ки дар навбати аввал шаҳрванди Узбакистон шуданд, тахминан 10 тоҷик ва тоҷикистониҳои собиқ ҳам ҳастанд. Ҳамаи ин афрод давоми 20-25 соли гузашта бо як амри нонавиштаи ҳукумати Ислом Каримов наметавонистанд шаҳрванди ин кишвар шаванд. Бо ҳисобҳои тахминии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2005, шумори ингуна сокинони Узбакистон аз 40 ҳазор нафар бештар будааст.