Шубҳа аз ҳуввияти ҳамлагари эҳтимолии Берлин

Раиси полиси Берлин гуфт, ки ҳанӯз барои онҳо мушаххас нест, ки нафари баъди куштор дар бозорчаи солинавӣ боздоштшуда воқеан ҳам ронандаи мошини боркаш буд ё на. Клаус Кандт, раиси полиси шаҳри Берлин дар як изҳороташ рӯзи 20 декабр гуфт, ки ҳанӯз тасдиқ нашудааст, ки марди боздоштшуда воқеан ҳам ронандаи мошине буд, ки шоми 19 декабр ба сӯи издиҳоми бозор ҳаракат карда, 12 нафарро кушт ва 50 танро захмӣ бар ҷой гузошт. Матбуот гуфт, ки марди боздоштшуда як муҳоҷири 23-солаи покистонӣ буд, ки дар як қароргоҳи муҳоҷирони Берлин зиндагӣ мекард. Хабаргузории DPA гуфт, ки ин мард соле пеш дар ин шаҳр паноҳанда шуд. Полиси Берлин гуфт, ки марди боздоштшуда ҳама иттиҳомот ва иртиботаш ба ҳамлаи дирӯзаи маргборро комилан рад мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки эҳтимолан ҳодисаи дирӯза “як ҳамлаи террористӣ буд”.