Аз қонуни ВАО-и Қирғизистон баъзе маҳдудиятҳо бардошта шуд

Як қатор бандҳои маҳдудкунандаи лоиҳаи қонун "Дар бораи ВАО"-и Қирғизистон, ки зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ маҳсуб меёфтанд, лағв шудаанд. Дар ин бора вакил Кожобек Риспаев зимни ҷаласаи порлумон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ВАО-и Қирғизистон иттилоъ додааст.

Вакили порлумони Қирғизистон гуфтааст, ки тағйироти мазкур танҳо ба фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ, банди нави моддаи 5-и қонун ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ иҷозат намедиҳад, то беш аз 35%-и саҳмияҳои расонаҳоро дар Қирғизистон соҳибӣ кунанд.

Риспаев афзудааст, ки ҳамаи кишварҳо фазои иттилоотии худро ҳифз мекунанд ва Қирғизистон низ дар ин замина бояд чораҳои заруриро биандешад. "Иловаҳо танҳо барои ҳимоят аз амнияти миллӣ равона шудаанд", - изҳор доштааст ӯ.

Вале намояндагони ҷомеаи маданӣ, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, зидди қабули лоиҳа баромада, мегӯяд, қонуни нав озодии баёнро маҳдуд хоҳад кард. Ёдрас мешавем, порлумони Қирғизистон 22 июни соли равон дар қироати аввал лоиҳаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ВАО-ро қабул кард.