33 қурбонии маҳлули "Дӯлона" дар Сибири Русия

Бо як амри Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия маҳлули спиртии "Дӯлона" («Боярышник»), ки дар дорухонаҳо барои истифода ба ҳангоми оббозӣ истифода мешуд, аз фурӯш боздошта мешавад. Ин амр баъди он содир шуд, ки дар натиҷаи истеъмоли ин маҳлул дар шаҳри Иркутски Русия беш аз 30 нафар кушта шуданд. Маълум шудааст, ки ин нафарон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли спирти метили маҳлули дӯлона даргузаштаанд. Шумори фавтидаҳо ба 33 нафар ва онҳое, ки дар ҳолати сангин дар бемористонҳо ҳастанд, ба 15 нафар баробар мешавад. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, ки дар рӯи коғази ин маҳлул навишта шудааст, ки истеъмоли он аз ҷониби инсон манъ аст. Айни замон, таҳқиқ нишон додааст, ки ба ҷои спирти этил дар дохили шишаҳо спирти хатарноки навъи метил ва ҳам антифриз ҷой доштааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду гумонбар боздошт шудаанд. Дар шаҳри Иркутск вазъияти фавқулодда эълон шудааст.