Дар таркиши Туркия дастикам 25 нафар захмӣ шуданд

Дар пайи таркиши мусофирбари ҳомили низомиён дар Туркия дастикам 25 нафар захмӣ шуданд. Расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, таркиш замоне рух додааст, ки мусофирбар аз паҳлӯи мошини бомбгузоришуда мегузашт. Бар асоси тасвирҳое, ки телевизионҳои Туркия нишон доданд, автобус пурра сӯхтааст. Тайи моҳҳои охир шаҳрҳои бузурги Туркия шоҳиди таркишҳои маргбор буданд. Ҳафтаи гузашта дар ду таркиш дар назди варзишгоҳи “Водафон Арена”-и Истанбул ба камияш 40 нафар ҷон бохта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тобистони имсол дар ҳамла ва инфиҷор дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул низ 45 нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Туркия дар чунин таркишҳо асосан Ҳизби коргарии Курдистон ва гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро муттаҳам кардааст.