Даҳҳо ҳазор сокини Ҳалаб интизори бурунрафт аз шаҳранд

Дар шарқи Ҳалаби Сурия наздики 50 ҳазор одам мондааст, ки беш аз 40 ҳазорашон сокинони маҳаллӣ, шӯришгарон ва аъзои хонаводаи онҳост.

Дар ин бора шаби панҷшанбе ба ҷумъа Стаффан де Мистура, намояндаи махсуси СММ иттилоъ дода, гуфтааст, эҳтимол аст, сокинон ба самти шаҳри Идлиб, ки дар дасти мухолифони мусаллаҳи Башор Асд аст, интиқол дода шаванд.

Стаффан де Мистура мегӯяд, агар созиши сиёсие оиди оташбас ба миён наояд, фоҷиаи Ҳалаб дар Идлиб такрор хоҳад шуд. Рӯзи ҷумъа ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар робита ба вазъи Ҳалаб баргузор мешавад.

Ин ҷаласа бо пойфишории ҷониби Фаронса барпо хоҳад шуд, ки талаб дорад, ба Сурия гуруҳи нозирони байналмилалӣ фиристода шавад. Мақомоти Фаронса мегӯянд, ин гуруҳ бояд раванди кӯчондани сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои бехавф ва расонидани кумаки башардӯстонаро зери назорат гиранд. Ба гуфтаи намояндаи доимии Фаронса дар СММ, Олмон, ки ба узвияти Шӯрои амният шомил нест, аз ташаббуси кишвараш ҷонибдорӣ кардааст.