Ҷангҳои шадид оташбаси Ҳалабро зери суол мебарад

Ба назар мерасад, ки созиши аз Ҳалаб берун овардани ҷангиёни шӯришӣ ва афроди мулкӣ кор накард, чун дар ин шаҳри валангоршудаи Сурия ҷангҳои шадид идома дорад. Нигарониҳо аз хушунат нисбати сокинони мулкӣ афзоиш меёбад. Созмони бритониёии назорат аз ҳуқуқи башар, ки дар Сурия қарор дорад, тасдиқ кард, ки тирборон идома дорад ва дар ҳама ҷабҳаҳо дар шарқи ин кишвар задухӯрдҳои шадиди миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён давом дорад. Вазири хориҷаи Фаронса Жан-Марк Эро дар ин замина дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ гуфт:

“Мо шунидем, ки миёни Туркия ва ҳукумати Сурияву Русия як созише дар ин замина ҳосил шудааст, вале дар асл ҳама чиз бебанду бор аст. Фаронса чӣ мехоҳад? Бояд хеле дақиқ буд, ки агар ҳузури нозирони СММ дар ин маҳал амнияти берункашии мардумро таъмин кунад, инчунин бояд замонати ҷонии ҷангиён ҳам таъмин шавад, ки кушта нашаванд. Мо инро мехоҳем. Инчунин мо мехоҳем, ки созмонҳои байналмилалии мисли Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ тавонанд мудохила кунанд, чунки онҷо ҳоло як фоҷеаи шармандавори башарӣ мушоҳида мешавад”.

Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки дар як маҳаллаи мавсум ба Бӯстон Ал-Қаср шаш нафар кушта ва чанд тан захмӣ шудаанд. Рӯзи 13 декабр дар Ҳалаб оташбас эълон шуд, вале бо ин вуҷуд нақшаи берун овардани мардум ба манотиқи зери назорати шӯришиён амалӣ нашуд. Вазири дифои Русия гуфт, ки нирӯҳои ҳукуматӣ амалиёти худро зидди шӯришиён ба он хотир аз сар гирифтанд, ки онҳо созиши бо миёнҷигии Туркия ва Русия ҳосилшударо нақз карданд.