Дафтари ахлоқ: Трамп бояд аз тиҷораташ даст кашад

Дафтари давлатии Амрико дар умури ахлоқ ба президенти тозаинтихоб Доналд Трамп тавсия додааст, то тиҷорати худро бифурӯшад ё дар ихтиёри шахси бегонае гузорад, ки ҳангоми ҳузураш дар Кохи сафед бархӯрди манофеъ сурат нагирад. Дар номаи ин ниҳод, аз ҷумла омадааст, ки "супоридани Трамп идораи тиҷораташро ба фарзандони худ чораи муносибе нест".

Тавсияи Дафтари Амрико дар умури ахлоқ ҷавоб ба изҳороти сенатори демократ Том Капер аст, ки гуфт, Доналд Трамп нахустин номзад ба мақоми президентӣ дар таърихи навини Амрикост, ки ба мақомоти андоз эъломияи дороӣ ва даромадашро пешниҳод накардааст. Ба дороии Трамп дар ИМА ва кишварҳои хориҷ як қатор клубҳои голфу амволи ғайриманқули тиҷорӣ шомиланд, ки метавонанд ба тасмимгириҳои ӯ ҳамчун президент таъсир расонанд.

Қонунгузории амалкунандаи ИМА ба кормандони мақомоти иҷроия бо шумули вазирон иштирокро дар қабули сиёсатҳои марбут ба манфиатҳои молии худ, аъзои хонавода ва ё шарикони тиҷориашон манъ мекунад. Ин қонун ҳар чанд ба президент ва ба ноиби президент дахл надорад, аммо амалан ба онҳо тавсия дода мешавад, ки ба гуфтаҳои он гӯш диҳанд. Қарор буд, Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе бо баргузории як нишасти хабарӣ ба тақдири минбаъдаи дороиҳояш рушанӣ андозад. Вале чанде қабл хабар доданд, ки нишасти мазкур ба моҳи январ гузошта шудааст.