Лоиҳаи қарори ҳукумат, ки иҷозат медиҳад, шаҳрвандони 91 давлат бе сабти ҳатмии ҷои зист дар ин кишвар то як моҳ ба сар баранд, ҳоло дар баррасии умумист. Дар ин бора Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон иттилоъ медиҳад. "Бовар дорем, ки лоиҳа қабул мешавад. Ҳуҷҷати мазкур ба рушди сайёҳи таъсири мусбат мерасонад", - мегӯянд масъулини ниҳоди мазкур.
11 ноябр Хадамоти қайди давлатӣ ба ҳукумат лоиҳае пешниҳод кард, ки тибқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ дода мешуд, то 30 рӯз бе сабти ҷои зист дар Қирғизистон ба сар баранд.
Пештар аз ин, порлумони Қирғизистон бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ, ҳамаи шаҳрвандони хориҷиро вазифадор карда буд, ки баъди панҷ рӯзи истиқомат дар ин кишвар, ҳатман худро дар мақомот сабти ном кунанд.