Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки амалиёти ҷангӣ дар шарқи Ҳалаби Сурия поён ёфт. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ҳукуматӣ охирин минтақаҳоеро, ки дар дасти шӯришгарон буд, пурра ишғол карданд. Тавре Би-би-си иттилоъ медиҳад, агар гуфтаҳои намояндаи дипломати рус дуруст бошад, пас ҷангҳои шадиди чаҳорсола дар Ҳалаби Сурия ба поён мерасад.
Қаблан Чуркин аз созиш дар бораи эълони оташбас, ки ба мухолифони Асад имкон медиҳад, шарқи Ҳалабро тарк кунанд, хабар дода буд. Шӯришгарон низ ин хабарро тасдиқ карданд ва чанд соати ахир садои бомбаборон ё амалиёти ҷангӣ шунида намешуд.
Хабари қатъи даргириҳои Ҳалаб дар ҳоле элон мешавад, ки СММ аз кушта шудани сокинони маҳаллӣ тавассути нерӯҳои ҳукумати Сурия хабар дод. Бахши СММ оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, бар пояи маълумоти муътамади онҳо, сарбозони Башор Асад дар чаҳор ноҳияи шаҳр 82 сокини осоиштаро ба қатл расондаанд. "Эҳтимол аст, шумори кушташудаҳо аз ин зиёдтар бошад", - афзудааст ин ниҳод.