Путин: "Мушкили марзӣ Ҷопон дорад, на Русия"

Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки кишвараш бо Ҷопон баҳси марзӣ надорад. Путин пеш аз сафараш ба Токио дар суҳбат бо расонаҳои ҷопонӣ афзудааст, "Ҷопон аст, ки фикр мекунад бо Русия мушкили марзӣ дорад ва Москва низ барои гуфтугӯ дар ин замина омодааст".

Ба гуфтаи президенти Русия, ҳалли масъалаҳои марзӣ бидуни ташкили "фазои боварию дӯстӣ" миёни ду кишвар номумкин аст. Путин мегӯяд, агар шароити либералӣ фароҳам шавад, Русия омодааст, ки ҳамкориҳои иқтисодиро бо Ҷопон дар ҷазираҳои Курил ба роҳ монад.

Қарор аст, президенти Русия 15 декабри соли равон дар доираи як сафари дурӯза ба Ҷопон биравад. Интизор меравад, Путин дар ҷараёни ин сафараш бо Синдзо Абэ, сарвазири Ҷопон барои баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба дидор ва гуфтугӯ кунад. Эҳтимол аст, имзои созишномаи сулҳ миёни ду кишвар низ ба миён гузошта шавад.

Ҷониби Ҷопон даъво дорад, ки чаҳор ҷазираи Курил - Итуруп, Кунашир, Шикотан ва гуруҳи ҷазираҳои Хабомаи ҷузъи қаламрави онанд. Ин ҷазираҳо баъди анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дувум ба ҳайати СССР пайвастаанд. Баҳси ҳудудӣ сабаб шудааст, ки то кунун миёни Москва ва Токио созишномаи сулҳ имзо нашавад.