Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон

Генерал Олег Митяев, фориғуттаҳсили Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таъин шуд. Мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтанд, муаррифии Митяев рӯзи 13 декабр сурат гирифт ва ӯ дар мақоми нав Денис Ляминро иваз кард. Лямин ҳамагӣ як соли пеш фармондеҳии пойгоҳи 201-ро ба ӯҳда гирифта буд. Ин полковники 37-сола ва фориғуттаҳсили омӯзишгоҳи танкии Челябинск, ҳоло фармондеҳи дивизияи 90-уми танкӣ дар ин вилоят таъин гардидааст. Пойгоҳи 201-и Русия, бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Пойгоҳи ҳарбии 201 дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор сарбозу афсараш яке аз пойгоҳҳои бузург дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб мерафт, аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст. Инчунин, соли гузашта Русия нерӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашида, дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир намуд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.