Як корманди бахши сайёҳии Қоракӯли Қирғизистон аз мақомоти кишвараш хостааст, ки сабти ҳатмии будубошро барои шаҳрвандони хориҷӣ бекор кунанд. Вай дар ин бора ба унвони президент ва вакилони порлумони Қирғизистон муроҷиатномаи видеоиеро низ фиристодааст.
"Мо, сокинони Қоракӯл мехоҳем, ки лоиҳаи қонун дар бораи қайди ҳатмии будубош барои шаҳрвандони хориҷӣ бекор шавад. Зеро дар пайи он мавсими сайёҳии мо дар Қоракӯл рӯ ба нобудӣ овардааст", -гуфта мешавад дар изҳорот.
Ӯ ҳамчуни афзудааст, ки бештари сайёҳон ба Қирғизистон бе роҳхат меоянд ва мехоҳанд, ки барномаи сафар, масир ва вақти сайёҳаташонро худашон таҳия кунанд, вале тарҳи қонуни нави қайди ҳатмии будубош инро мушкил мекунад. Ёдрас мешавем, сар аз 4 ноябри соли равон сабти будубоши ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд аз 5 рӯз бештар дар Қирғизистон бимонанд, ҳатмӣ мешавад.
Хадамоти давлатии ба қайдгирии Қирғизистон 11 ноябри соли равон лоиҳаи қонунеро ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ба шаҳрвандони 67 давлат иҷозат медиҳад, то 30 рӯз бидуни қайд дар ин кишвар ба сар баранд.