Нерӯҳои давлатии Сурия шӯришгаронро аз минтақаҳои шарқи Ҳалаб берун карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод. Ба навиштаи хабаргузорӣ, шоми 12 декабр нерӯҳои мухолифини мусаллаҳ дар Ҳалаб комилан шикаст хӯрданд.
Каме пештар аз ин, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун аз ташаннуҷи вазъи башарӣ дар Ҳалаб изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, қонунҳои байналмилалӣ ва башарӣ тарафҳои даргирро вазифадор мекунад, ки аз аҳолии мулкӣ ҳимоят намоянд. Бан Ки Мун даъват кард, ин қонун қабл аз ҳама бояд аз тарафи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва муттаҳидонаш риоя шавад.
Мушовири аршади дабири кулли СММ оид ба масоили башарӣ Ян Эгеланд дар саҳифаи Твиттераш навишт, Русия ва Сурия дар баробари бераҳмӣ нисбат ба аҳолии мулкӣ, ки ҷангиёни содиқ ба Асад анҷом медиҳанд, масъулият доранд.