Задухӯрд барои харидани либоси арзон дар Ишқобод

Навбатпоии тӯлонии сокинони Ишқобод барои харидории либоси арзон аз як фурӯшгоҳи туркӣ ба задухӯрд печидааст. Садҳо сокини пойтахти Туркманистон рӯзи ҷумъаи гузашта маҷбур шуданд, барои харидани либоси арзон аз фурӯшгоҳи "Йишим", ки дар пайи қарори тахриби бинояш 50% тахфиф эълон кардааст, навбат биистанд.

"Дар дохили "Йишим" низ мардум навбат меистоданд ва ҷойе барои гаштан намонда буд. Дар беруни бино низ ҳамчунин. Муҳофизон талош карданд, одамонро ба гуруҳҳо тақсим кунанд. Вале дар натиҷа муноқишаҳои лафзӣ барои навбат ба задухӯрд печид", - мегӯяд як сокини Ишқобод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ниҳоят вазъро кормандони пулис таҳти назорат қарор доданд, вале шумори одамоне, ки мехостанд бо нархи арзон либос харанд, то баста шудани дарҳои фурӯшгоҳ дар соати 23:00 кам нашудааст. Рӯзи дигар низ гуруҳи муштариён дар пайи эълони 50% тахфиф барои косаву табақ ва туҳфаҳои солинавӣ ба "Йишим" ҳамла кардаанд.

Қатъи фаъолияти фурӯшгоҳи туркии "Йишим"-ро ба қарори тахриби бинояш рабт медиҳанд. Мақомоти Туркманистон мегӯянд, дар ҷойи бино барои хидматрасонӣ ба Бозиҳои осиёии 2017 таваққуфгоҳи мошин месозанд. Бояд гуфт, тасмими тахриби бинои мазкур баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия гирифта шудааст, ки дар пайи он Туркманистон дар баробари кишварҳои дигар созмонҳои марбут ба рӯҳонии турк Фатҳуллоҳ Гуленро баст.