Таркиши Истанбул 29 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вуқӯи ду инфиҷор (таркиш) дар наздикии варзишгоҳи "Водафон"-и Истанбул, дар қисмати аврупоии ин шаҳр, дастикам 29 кушта ва беш аз 160 захмӣ барҷой гузошт. Ҳодиса шаби 10 декабр, баъди як мусобиқаи футбол рух дода, вазъи бисёре аз маҷрӯҳон вазнин гуфта мешавад.