Amnesty International ва беш аз 200 созмони ҳуқуқи инсон аз Маҷмаи умумии СММ даъват карданд, то барои ҳалли низои Сурия чора андешад. Дар ин бора дар варақаи иттилоотии созмонҳо хабар дода шудааст.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бояд иҷлосияи изтирории Маҷмаи умумӣ даъват ва қатъи бомбаборони Ҳалаби Сурия ҳосил шавад. Созмонҳо ҳамчунин хостаанд, ки ба сокинони осоиштаи шаҳр кумаки башардӯстона расонида шавад.
Ба гуфтаи намояндаи Amnesty International дар СММ Шерин Тадрос, агар Шӯрои амният барои қатъи даргириҳои Сурия чора андешад, аз кушта шудани наздик ба ним миллион одам пешгирӣ хоҳад шуд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 инҷониб идома дорад. Як қисмати шаҳрро нерӯҳои режими Башор Асад дар даст дошта, минтақаҳои дигар зери идораи гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин ҳастанд.
Дар Сурия ҳамчунин гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" фаъол аст ва нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида зидди тундравон дар ин кишвар низ мубориза мебаранд.