Назарбоев: барои хушбахт будан шарт нест президент бошӣ

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон зимни суҳбат бо ҷавонони кишвараш дар Остона гуфтааст, ки барои хушбахт будан шарт нест, президент шаванд.

"Волидайн ҳамеша ба фарзандон мегӯянд, ки ту бояд бихонӣ ва президент шавӣ. Ман зид нестам, бигзор президент шаванд. Вале ин дар мағзи сари кӯдак ҷой мегирад ва ҳар вақт нашуд, мешиканад. Барои хушбахт шудан шарт нест, президент бошӣ", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз қавли Назарбоев.

"Замоне мо ба Елтсин гуфтем: "Борис Николаевич набераи шумо мехоҳад, президент шавад". Вай дар ҷавоб гуфт, "ба Русия ду президент чӣ лозим?". Инҷо мехоҳам бигӯям, ки кӯдаконро ба чизҳои воқеӣ, аз ҷумла ҳамчун инсон ба воя расидан, таълим гирифтану касби дониши хуб ва ихтисосе, ки касе наметавонад аз онҳо биситонад, бояд талқин кард", - афзудааст Назарбаев.

Ин дар ҳолест, ки Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон мегӯяд, Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои русаш Владимир Путин аз ӯ хостаанд, ки як давраи шашсолаи дигар раҳбари кишвараш бимонад. Аммо ӯ рад кардааст.