Палатаи нрамояндагони Амрико барои ҷилавгирӣ аз таъсиргузории Русия ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои сиёсӣ тарҳи қонунро дар бораи таъсиси як сохтори нав тасвиб кард.
Аксари намояндагони Конгресс, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо ба пуштибонӣ аз ин тарҳ райъ доданд.
Ба ин гуруҳи вежаи байни идоравӣ бояд намояндагони Хадамоти махсуси Амрико шомил шаванд. Ҳадафи сохтори нав муқовимат ба кӯшишҳои Русия ҷиҳати таъсиргузорӣ ба шахсони алоҳида ва ҳукуматҳо гуфта шудааст. Аз ҷумла, пахши хабарҳои ғайри қобили эътимод, фасодкорӣ, фаъолияти "агентҳои таъсиргузор"-и рус, ҳамчунин "теророр ва кушторҳои фармоишӣ, ки элитаи сиёсии Русия, хадамоти махсуси ин кишвар ва дастнишондаҳои онҳо анҷом медиҳанд."
Хадамоти махсуси Амрико дар ин авохир борҳо дар бораи талоши Русия барои таъсиргузорӣ ба равандҳои сиёсии Ийолоти Муттаҳида, ҳам бо роҳи таблиғот ва ҳам аз тариқи кибер-ҳамлаҳо гузориш додааст.