Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи ҷаласаи 45-уми пленарии Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ, бо шуморе аз сарони парлумонҳои кишварҳо мулоқоту гуфтугӯҳо анҷом додааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 24 ноябр бо Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон ва Владимир Витюк муовини раиси парлумони Модова дидору гуфтугӯ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқотҳои ҷудогонаи Шукурҷон Зуҳуров бо Абдурауфи Иброҳимӣ ва Владимир Витюк, масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
Ба иттилои сухангӯи Маҷлиси намояндагон, вакилони парлумони Тоҷикистон дар баҳсҳои комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат доранд. Муҳаммадато Султонов гуфт, ки баҳсу баррасиҳо дар комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ умдатан дар атрофи масоили ҳамоҳангсозии санадҳои ҳуқуқии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва таҳияи санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ дар мавриди ба танзим даровардани фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонӣ сурат гирифтаанд. Дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва раҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон, бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия низ дидору гуфтугӯ кунад.