Шумораи қурбониёни ҷанги Яман аз 7 ҳазор гузашт

Ҳафт ҳазору 70 нафар қурбони ҷанги шаҳрвандии Яман шудааст. Ин маълумот дар гузориши Созмони байналмилалии беҳдошт, ки дирӯз нашр шуд, зикр гардидааст. Бар асоси ин санад аз моҳи марти соли 2015 то кунун беш аз 35 ҳазор сокини Яман аз ин ҷанг зиён дида, беш аз 2 миллион шаҳрванди Яман аз кишвар фирор кардаанд.

Низои мусаллаҳона буҳрони башариро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст. Тибқи иттилои ин созмон, 21 миллион сокин ба кумаки фаврӣ ниёз дорад.

Фиристодаи махсуси СММ дар умури Яман Исмоил валади Шайх Аҳмад аз эътилофи арабӣ, ки ҳарими ҳавоии Яманро назорат мекунад, тақозо кардааст, ки барои фурудоии ҳавопаймоҳои мулкӣ иҷозат диҳад.

"Одамон мемиранд, зерсохтор тахриб мешавад, иқтисоди Яман дар остонаи сарнагунист", - гуфтааст намояндаи СММ.

Дар Яман, ки шиаҳои ҳусӣ пойтахти ин кишвар Санъоро ғасб кардаанд, бо артиши президенти ин кишвар Абду Раббо Мансур Ҳодӣ меҷанганд. Аз президенти Яман эътилофи арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунад.