Коршинос: "Тоҷикистону Узбакистон чорае ба ҷуз ҳамкории беҳтар надоранд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар як нишасте дар Душанбе гуфтааст, умедвор аст, муносибати ду ҳамсоя беҳтар мешавад. Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар моҳи гузашта зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад.