Дар Арманистон ҷасади Аршак Григориян, писари Вардеван Григориян, раиси ҳизби "Шукуфоии Арманистон" ва номзад ба мақоми шаҳрдор дар шаҳри Гюмрӣ пайдо карданд. Ҷасади ӯ бо осори тири туфанг дар пешонӣ рӯзи 20 сентябр ошкор шуд. Маълум нест, ки Аршак Григориян худкушӣ кардааст ва ё ӯро куштаанд. Пулис дар ин бора ҷузъиёт надодааст ва мегӯяд, ки бозҷӯӣ ҷараён дорад. Вардеван Григориян раҳбари собиқи Донишгоҳи омӯзгории Гюмрӣ аст. Қарор аст, ӯ дар сабқати интихоби шаҳрдорӣ дар рӯзи 2-уми октябр иштирок кунад.