"Хеле маъюсам, аммо чӣ илоҷ!" Анвар Юнусов аз муштзани Бразилия шикаст хӯрд

Анвар Юнусов

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 кило аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейро аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

Қувваозмоии Анвар Юнусов бо Робсон Консейкао рӯзи 9-уми август соати 11:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) барпо гардид.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, барои аввалин бор бо Робсон рӯбарӯ шуд. Баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфт, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад.

Ҳамин тариқ, муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале муштзани тоҷик аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт.

Ёдовар мешавем, Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқот рӯзи 6 август бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ намуд ва ноком гашт.

Анвар Юнусов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақсади ман дар ин Олимпиада ба даст овардани медал буд. Вале, мутаассифона дасти ростам, ки пештар ҷарроҳӣ шуда буд, дар ин қувваозмоӣ сахт ба дард даромад. Ман дигар натавонистам, ки мусобиқаро бо муштзани бразилӣ идома бидиҳам. Аз ин рӯ аз идомаи сабқат даст кашидам. Хеле маъюсам, вале чӣ илоҷ! Аз ҳамаи онҳое, ки ба ман мухлисӣ карданд, сипосгузорам."

Лаҳзаҳои муборизаи Анвар Юнусов бо муштзани бразилӣ

Анвар Юнусовро дар толори бокси Рио-де-Жанейро ҳамаи ҳайати варзишии Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Инчунин ба Анвар мухлисони варзиш – бародарон Гулмаҳмад ва Шоҳин Гуловҳо, Мӯсо Назиров ва Одил Охунов, ҳарчор аз деҳаҳои Зарафшон ва Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, мухлисӣ карданд. Онҳо, ки рӯзи 2 август ба Рио-де-Жанейрои Бразилия омадаанд, бо парчамҳои Тоҷикистон дар толори варзишӣ ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи Одил Охунов барои ин сафар ҳар кадоми онҳо аз ҳисоби худ 7 ҳазор доллар (ба ҷуз маблағи ғизо) масраф намудааст.

Нафақахӯр Мӯсо Назирови 75-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз тамошои мусобиқоти бокс хушҳол шуд, вале аз бохти Анвар Юнусов таассуф хӯрд. Ӯ афзуд, “мо, аслан, мухлисони ашадии паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ҳастем ва рӯзи 10 август нахустин қувваозмоии ӯро дар Олимпиадаи Рио бо паҳлавони гурҷӣ Варлам Липартелиани тамошо мекунем. Дуо мекунем, Комроншоҳ дастболо шавад ва ба Ватан бо медал баргардад.”

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбоновва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти минбаъдаи варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.