Дар Туркия ҳазорон муассиса баста мешавад

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия хостааст, ки дар чаҳорчӯбаи вазъи фавқулодда бештар аз ҳазор мактаби хусусӣ баста шавад. Дар Туркия 21 июл вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд.

Ба ҷуз аз мактабҳо фаъолияти бештар аз ҳазор бунёд, тақрибан 30 муассисаи тиббӣ ва 15 донишгоҳи олӣ ба фаъолияти худ хотима медиҳанд.

Мақомот шубҳа доранд, ки ҳамаи ин муассисаҳо бо Фатҳуллоҳ Гулен-рӯҳонии мухолифи ҳукумат иртибот доранд. Туркия ин рӯҳонии муқими Амрикоро дар ташкили ошӯби 16 июл гунаҳгор медонад.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳур, кормандони давлатие, ки дар барои иртибот бо ҷонибдорони ошӯб шубҳаовар ба назар мерасанд, аз кор дар муассисаҳои давлатӣ ҳамеша маҳрум хоҳанд шуд.

Ин нахустин фармони раиси ҷумҳур баъд за ҷорӣ шудани вазъи фавқулодда дар Туркия мебошад. Бештар аз 10 ҳазор нафар ба гумони даст доштан дар ошӯб боздошт шудаанд.

Дар бораи ба таври дастаҷамъӣ аз кор ҷавоб додани кормандони давлатӣ хабар дода мешавад.