Дар Дака 13 гаравгонро озод карданд

Як мақоми низомии Бангладеш мегӯяд, ки 20 нафар гаравгонон, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ҳангоми муҳосира дар тарабхонае дар Дака кушта шудаанд. 9 нафари онҳо шҳрвандони Италия будаанд.

Дар маҳаллаи дипломатнишини шаҳри Дака-пойтахти Бангладеш ҳудуди 100 нафар кормандони пулиси вижа бо ҳимояти 7 зиреҳпӯш ба тарабхонае ҳамла бурданд ва 13 нафар гаравгонон, аз ҷумла 3 хоиҷиро раҳо озод карданд. Дар ин бора пулиси Бангладеш хабар додааст.

Пулис мегӯяд, ки 2 июл дар ҷараёни ин амалиёт 6 марди мусаллаҳ, ки гаравгононро дар тарабхона нигоҳ медоштанд, кушта шудаанд ва ин тарабхона аз тундравҳои исломӣ пок шудааст. Тундравҳо ҳангоми ҳамла “Оллоҳ Акбар” шиор медоданд.

Дар байни ононе, ки 1 июл ҳангоми ҳамлаи тундравҳо дар тарабхона ғизо мехӯрданд, 2 шаҳрванди Ҷопон, 7 нафар итолёвӣ ва шумораи номаълуми шаҳрвандони Ҳиндустон будаанд.

Амалиёти барқвор ва раҳоии гаравгонон ба рӯёрӯии 10 соатаи пулис бо 8 ё 9 нафар афроди хуб мусаллаҳ поён бахшид. Дар ин муддат пулис бефоида талош кард, ки барои раҳоии гаравгонон музокира анҷом диҳад.

Дар поёни амалиёт аз тарафи тарафи тарабхона садои ду таркиши бузург ба гӯш расид. Тундравҳои Давлати Исломӣ масъулияти ин гаравгонгириро ба дӯш гирифтааст ва гуфтааст, ки 24 нафарро куштаанд ва акси баъзе онҳоро дар интернет чоп кардаанд.

Аммо мақомоти расмии Бангладеш ин иддаро рад кардаанд.