Мавзуна Чориева раҳбари олимпичиён шуд

Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, раҳбари Ассосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон таъин гардидааст. Мақомоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯянд, ин таъинот рӯзи 28 июн сурат гирифта буд. Дар гузашта дар ин мақом Зебуннисо Рустамова, камонвари маъруфи тоҷик, кор мекард ва аммо ахиран бо хоҳиши худаш ба истеъфо рафтааст. Мавзуна Чориева барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон аст.