Баҳси чор мансабдор бо як зан

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Чор намояндаи ҳукумати Бобоҷон Ғафуров як занро барои он, ки гуфтааст аз камбудҳояшон ба раисиҷумҳур хоҳад навишт, ба додгоҳ кашида ва ӯро барои "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон" муттаҳам медонанд.

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи Дилфуза Шодиеви 32-соларо бо иттиҳоми "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон" ва "паҳн кардани маълумоти бадномкунанда" баррасӣ дорад.

Чор мансабдори ноҳия, аз ҷумла раиси собиқи дастгоҳ, раҳбарони ҷамоатҳои Ёва ва Ғозиён мегӯянд, ин зан бо таҳдидҳои худ ҷони онҳоро ба лаб оварда буд. Аммо айбдоршаванда ва наздиконаш мегӯянд, гуноҳаш танҳо ин буд, ки барои табобати кӯдаки бемору кашидани бори рӯзгори вазнин аз мақомот ёрӣ пурсидааст.

"АЗ БОЛОЯТОН БА РАИСИҶУМҲУР МЕНАВИСАМ"

Дилфуза Шодиева, ки ду кӯдак дорад ва ба танҳоӣ онҳоро бузург мекард, бар асоси аризаи шикоятии ин чор мансабдор ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ӯ ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани 100 доллар аз дасти Олимбек Юлдошев, раиси корхонаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дастгир шуд ва то ҳол дар боздоштгоҳ аст.

Олимбек Юлдошев мегӯяд, рафтору таҳдидҳои Дилфуза Шодиева онҳоро маҷбур кард, ба мақомоти интизомӣ шикоят кунанд: “Ӯ ҳар бор меомаду пул мепурсид, бо мо ҷангу ҷанҷол мекард. Ман, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳия, раисони ҷамоатҳои Ёва ва Ғозиён ӯро зани камбизоат гуфта, ба қадри имкон 500 сомонӣ, 800 сомонӣ ёрӣ медодем.”

Юлдошев мегӯяд, аммо дафъаи охир Дилфуза Шодиева аз ӯ 1000 доллар талаб карда ва гуфтааст, агар ин миқдор маблағро нагирад, аз болояш ба раисиҷумҳур шикоят хоҳад кард.

“Гуфтам, ки ин қадар пул надорам. Гуфт, агар надиҳӣ, ба раисҷумҳур камбудҳоятро менависам. Баъди як рӯз номаи навиштаашро ба мо дод. Пагоҳаш гуфт, ки акнун 10 ҳазор доллар медиҳӣ. Бо 9 ҳазор доллар ҳам халос нахоҳӣ шуд,” – гуфт ӯ.

ТАҲДИДИ АЗ 12 ТО 15 СОЛИ ЗИНДОН

Дар додгоҳ ба ҳайси “ҷабрдида” дар канори Олимбек Юлдошев се нафари дигар - раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва раисони ҷамоатҳои Ёва ва Ғозиёни ин ноҳия иштирок доранд. Абдурашид Раҳимиён, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аслан муҳтоҷи ёриву дастгирӣ будани Дилфуза Шодиеваро рад карда ва гуфт, “Ӯ дурӯғгӯй, ҳамаи гапҳояш дурӯғ аст. Вай аслан ба ёрӣ ниёз надорад.”

Тафтиши аввалияи парвандаи Дилфуза Шодиеваро додситонии Суғд анҷом додааст. Моддаи 250, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон”, ки алайҳи Шодиева пешниҳод шудааст, дар сурати исботи гуноҳ аз 12 то 15 сол зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад.

"ДУ КИЛО МАКАРОН ДОДАНД, ДУ КИЛО ШАКАР..."

Ҳуснӣ Ҷӯрабекова

Ба қавли волидонаш, Дилфуза Шодиева баъди ҷудо шудан аз шавҳар ва то замони дастгир шуданаш дар хонаи падару модар, дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекард. Ҳавливу дари онҳо одӣ ва аз чанд хонаи якошёна иборат аст. Анварбек Ҷӯрабеков, падари Дилфуза Шодиева гуфт, ки дастгир шудани духтарашон барои онҳо ғайримунтазира буд.

Модараш Ҳуснӣ Ҷӯрабекова мегӯяд, духтараш дар пайи чандин муроҷиат ба мақомот танҳо “ду кило макарон, ду кило шакар, панҷ кило орд, як баклашка равған гирифт”. Ӯ гуфт, “ҳамин ёрии ҷамоатҳои Ёваю Ғозиёнро, ки ба духтару набераҳоямон доданд, бо чашми сар дидем. Дигар ягон ёрии онҳоро надидем. Аммо оқибат барои ҳамин ёрии ночиз духтарамро ҳабс карданд.”

Ҳоло фарзандони Дилфуза Шодиева - Наимҷони 2-сола ва Дилнозаи 3-сола ҳамроҳи бобову модаркалони худ зиндагӣ доранд. Анварбек Ҷӯрабеков ҳудуди 80 сол дорад ва ҳамсараш – Ҳуснӣ болотар аз 70. Онҳо мегӯянд, ки аз давлат ҳар кадом 100 сомонӣ нафақа мегиранд. Ба гуфтаи аҳли оилаи Дилфуза, мушкили вай бо мақомоти маҳаллӣ соли 2015, баъди ҷудо шудан аз шавҳараш сар шудааст.

Онҳо мегӯяд, Дилфуз Шодиева асосан барои дарёфти ёрӣ ба ҷарроҳии духтарчааш – Дилноза ва гирифтани ҳиссаи ҳавливу хона аз шавҳараш ба мақомот муроҷиат кардааст. Дилноза, духтари 3-солаи Шодиева модарзод бо пойҳо ва сутунмӯҳраи каҷ ба дунё омадааст.

Ҳоло модар ва бародару хоҳари Дилфуза Шодиева аз “ҷабрдидаҳо” илтимос доранд, ки аз даъвояшон даст кашанд ва додгоҳ Шодиеваро раҳо кунад. Ҳатто худи Шодиева дар додгоҳ гуфтааст, агар ӯро озод кунанд, дигар аз аризаҳояш ба номи раисиҷумҳур даст хоҳад кашид.

НАЗАРИ ВАКИЛИ ДИФОЪ

Мақомоти “ҷабрдида” рӯзи 22 июн дар додгоҳ гуфтанд, ки Дилфуза Шодиева бо таҳдиди “паҳн кардани маълумоти бадномкунанда” аз мақомот пулу ёрӣ тамаъ кардааст. Ба ҳайси ҳуҷҷати дорои маълумоти бадномкунандаи шахсият ва кирдори молу мулки онҳо номаи хонум Шодиева ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Ихтиёр Шодиев, вакили дифои Дилфуза Шодиева, аз додгоҳ хоҳиш кард, ки “ба хотири маълум кардани ҳолати аслии кор ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба он” ба номае, ки зерҳимояаш ба унвони раисиҷумҳур навиштааст, ташхиси додгоҳиву коршиносиву адабӣ таъин кунад. То равшан гардад, номае, ки хашми мақомотро барангехт, оё алайҳи онҳо “маълумоти бадномкунанда ва марбут ба кирдори ғйриқонунии молумулкии онҳо” дорад ё не?

Ихтиёр Шодиев аз додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳоло мунтазири шурӯи мурофиа ва посухи додгоҳ ба дархосташ аст. Тасмими додгоҳ то дараҷае маълум хоҳад кард мурофиа чӣ гуна ва ба кадом самт идома мекунад.