Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода шуд

Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ҳайси як ниҳоди мустақил барҳам дода шуд. Дар ин бора рӯзи 9 июн фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, содир гардидааст. Дар фармон гуфта шудааст, ки тамоми вазифаҳои Шӯрои адлия ба зиммаи Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ вогузор карда шавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар шарҳи ин фармон гуфт, ки “дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.”

Ин тағйирот дар низоми додгоҳии Тоҷикистон дар пайи ислоҳи Қонуни асосии кишвар сурат мегирад. Дар раъйпурсии рӯзи 22 майи соли ҷорӣ ба Қонуни асосӣ беш аз 40 тағйир ворид карда шуд.