Навоз Шариф ба Тоҷикистон омад

Навоз Шариф

Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 11 май вориди Душанбе шуд. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки оқои Шариф рӯзи панҷшанбе дар оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок хоҳад кард. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.