Дар Алмаато чандин нафарро боздошт карданд

Дар шаҳри Алмаато пулис тақрибан 20 нафарро бозодшт кардааст. 6 нафари онҳо шахсоне мебошанд, ки ҳангоми боздошт дар пояи ёдгории Истиқлол дар маркази шаҳр дар миёни гиридиҳамомадагон будаанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон кардаанд, ки бар пояи ин ёдгорӣ гулчанбар хоҳанд гузошт. Вале онҳо пештар мегуфтанд, ки бар зидди қарори ҳукумат дар бораи “фурӯши замин” ҳамоиши эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Дар миёни боздоштшудагон Нуртай Лахан-хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ ҳаст. Бино ба хабарҳои расида ҳамаи боздоштшудагон раҳо шудаанд.

Нуртай Лахан дар лаҳзаҳои боздошт хабар дод, ки кормандони пулис дар оғоз ҳушдор додаанд, ки мардум майдонро тарк кунанд, зеро барои ин ҳамоиш иҷозаи расмӣ дода нашудааст. Сипас чанд нафарро боздошт ва ба автобус шинонда ба идораи пулис бурдаанд.

Худи пулиси Алмаато дар бораи боздоштшудагон хабар надодааст ва ба суолҳои рӯзноманигорон низ посух намедиҳад. Рисбек Сарсенбай-фаъоли ҷомеаи маданӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки субҳ дар назди хонааш пулис хонуми вай Марҷон Испандиёрро боздошт кардааст ва ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Медео бурдааст.

Фаъолони ҷомеаи маданӣ пешбинӣ мекарданд, ки 7 май дар Алмаато бар зидди тағирот дар Қонуни замин тазоҳуроти эътирозӣ барпо мекунанд.