Дастаи мунтахаби духтаронаи Бангладеш дар сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ, ки аз 26 апрел то 1 май барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шуд, пирӯз гардид.
Мунтахаби Бангладеш дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе барпо гардид, дастаи Ҳиндустонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард. Се голро дар ин бозӣ ҳамлагар Тоҳура Хатун ба самар расонд. Як голи дигари дастаи Бангладешро Анаи Могини зад.
Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон барои ҷойи севум аз тими Эрон бо ҳисоби бузурги 0:7 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зебо Гасимова дар ин мусобиқа дар байни ҳафт даста мақоми чорумро соҳиб шуд ва аз тимҳои Қирғизистон, Бутан ва Непал пеш гузашт. Духтарони футболбози тоҷик ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дода, дар яктоаш бар дастаи Бутан бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд, як бозиро бо тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карда, дар се бозӣ аз тими Эрон бо ҳисобҳои 0:3 ва 0:7, аз мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 1:9 шикаст хӯрданд. Ҳамагӣ 6 тӯб зада, 21 гол хӯрданд.
Дар маросими пӯшидашавии ин мусобиқа, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе барпо гардид, дастаи Бангладеш барои ҷойи аввал бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба мунтахаби Ҳиндустон барои ҷойи дувум медалҳои нуқра ва ба тими Эрон барои ҷойи севум медалҳои биринҷӣ супурда шуд.
Ҷоизаи “Fair Play” (“Бозии боадолат”) насиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон гардид. Руқия Ҷалол Насаб аз тими Эрон ҳамчун беҳтарин бозигари ин мусобиқа бо ҷоизаи вижа қадрдонӣ шуд. Тоҳура Хатун, ҳамлагари мунтахаби Бангладеш, ки ба дарвозаи рақибонаш аз ҳама бештар - 10 гол - задааст, бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” сарфароз гашт. Инчунин ба доварони ин мусобиқа, ки дар миёни онҳо ҳаками тоҷик Қурбонгул Қурбонова низ буд, ҷоизаҳо тақдим шуд.
Маъсума Ҷаҳончӣ, сармураббии тими мунтахаби духтарони 14-солаи Эрон, дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки ин мусобиқот дар сатҳи хуб баргузор шуд. Ӯ афзуд, “мо хушҳол ҳастем, ки дар ин мусобиқот ширкат кардем. Мо барои аввалин бор ба Тоҷикистон омадем. Аз мизбонии Тоҷикистон ҳам ташаккур мегӯем, мизбонии хубе доштанд. Мутаассифона, камтаҷрибагӣ ба духтарони мо имкон надод, ки тими Ҳиндустонро шикаст бидиҳем ва ба финал роҳ ёбем.”
Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ
1 май (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Тоҷикистон – Эрон – 0:7
Голҳо: Руқия Ҷалол Насаб, 13, 34, Марям Муҳаммадӣ, 14 , 70+2, Баҳор Сирус (65, 70+1), Ойноз Ҳақвердӣ, 70
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»
Бозии ниҳоӣ
Бангладеш – Ҳиндустон – 4:0
Голҳо: Тоҳура Хатун, 2, 52, 64, Анаи Могини, 32
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»