Муҳаммадюсуф Нуристонӣ аз мақоми раиси Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон канор рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 27 март хабар дод, ки раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ истеъфои ӯро пазируфтааст.
Нуристонӣ се сол пеш раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон таъйин шуда буд. Ӯ моҳҳои ахир тасмими ҳукумат дар мавриди ислоҳоти низоми интихоботӣ ва тағйири масъулони Комиссиюнро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, ба касе иҷозаи мудохила ба умури ин ниҳоди интихоботиро намедиҳад. Ва ин дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, маъракаҳои интихоботиии Афғонистонро фақат баъд аз ислоҳот дар низомии интихоботии кишвар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Тақрибан ду сол пеш замони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси комиссиюн Муҳаммадюсуф Нуристонӣ ва раиси дафтари комиссиюн Зиёулҳақ Амирхелро дар тақаллуби густурда айбдор карда буданд .Зиёулҳақ Амирхел маҷбур шуда буд, ки баъд аз иттиҳом аз мақомаш истеъфо диҳад ва Афғонистонро тарк кунад.