Афзоиши қурбониёни ҳамла ба варзишгоҳ дар Ироқ

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар варзишгоҳи канори шаҳри Искандарияи Ироқ то 30 нафар афзоиш ёфт. Дар ин бора мақомоти ироқӣ рӯзи 26 март хабар доданд. Искандария дар 50-километрии Бағдод ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо такя ба мақомоти амниятӣ ва масъулини вазорати ҳифзи сиҳати Ироқ навиштааст, ки ҳамлаи террористии шоми 25 март мунҷар ба ҳалокати 41 нафар ва ҷароҳат бардоштани 105 нафари дигар шудааст.

Ба иттилои расмӣ, маргталаб камарбанди худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки мақомоти шаҳр баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол миёни наврасон ба беҳтаринҳо ҷоиза месупурданд. 17 нафар аз кушташудагон кӯдакону наврасони аз 10 то 16-солаанд, гуфтанд мақомоти маҳаллӣ.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Вазорати умури хориҷаи ИМА ва фиристодаи вижаи СММ дар Ироқ Ян Кубиш ҳамларо шадидан маҳкум карданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки моҳҳои ахир мавқеъҳояшро дар Ироқу Сурия аз даст медиҳад, ҳамлаҳои террористӣ алайҳи муассисаҳои ғайринизомиро афзоиш додааст.