Э.Раҳмон ба сокинони Исфара: ба Данғара биёед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз сокинони Исфараи вилояти Суғд даъват кард, ки ба ноҳияи Данғара рафта ва дар заминҳои бекорхобидаи ин ноҳия боғҳои зардолу бунёд кунанд. Ӯ бо ситоиш аз маҳорати сокинони Исфара дар парвариш ва коркарди меваи зардолу гуфт, ҳарчанд дар чанде аз навоҳии тобеи марказ ва ноҳияи Данғара боғҳои зардолу бунёд шудаанд, аммо сокинон ҳанӯз маҳорати коркарди ин меваро надоранд ва садҳо тоннаи ин мева ҳар сол беҳуда зоеъ мешавад.

"Шумо дар заминҳои ноҳамвору регзор боғу зардолу бунёд мекунед. Биёед ба Данғара дар он ҷо заминҳои ҳамвор зиёданд, сангу рег надорад. Биёед, мо мусоидат мекунем, заминҳоро бигиред... дар ҳамон ҷо сокин шавед, бо мардуми он ҷо хешу табор шавед, духтар ба шавҳар диҳед, келин кунед. Ҳам мулк обод мешавад ва ҳам ваҳдати миллӣ мустаҳкам мегардад," гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд нимаи дуввуми рӯзи 24­­­ март аз ноҳияи Исфара боздид кард. Раисҷумҳур дар ин ноҳия як бизнес инкубартор – маркази машваратдиҳӣ ва омодасозии соҳибкорон ва якчанд бинову манзилҳои навсохтро ифтитоҳ намуд.